Ароқчӣ: Эрон ҳамлаҳоро қатъ мекунад, агар Исроил ҳам ин корро кунад

Аббос Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, кишвараш ҳамлаҳо ба Исроилро қатъ мекунад, агар исроилиҳо низ ҳамла ба Эронро бас кунанд.

Аббос Ароқчӣ 15-уми июн дар нишасте бо ҳузури намояндагиҳои дипломатии муқими Теҳрон гуфт, Эрон намехоҳад даргирӣ ба дигар кишварҳо низ сироят кунад. Ароқчӣ афзуд, кишвараш танҳо худро муҳофизат мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба он муттаҳам кард, ки ба ҳамлаҳои Исроил мусоидат кардааст. Вашингтон ҳамагуна даст доштанашро дар даргириҳои ахир рад мекунад.

Аббос Ароқчӣ гуфтааст, ҳадафи Исроил аз ҳамла ба Эрон, халалдор кардани музокирот бар сари барномаи ҳастаӣ буд. Қарор буд даври навбатии музокироти Амрико ва Эрон 15-уми июн дар Уммон баргузор шавад. Баъди ҳамлаи Исроил, Теҳрон аз ширкат дар ин музокирот даст кашид.

Вазири корҳои хориҷии Эрон аз Амрико хост, ки амалкарди Исроилро маҳкум кунад. Аббос Ароқчӣ гуфт, Теҳрон омода аст, дар бораи насохтани силоҳи ҳастаӣ ба созиш расад, вале ин тавофуқ набояд Эронро аз ҳаққи доштани барномаи ҳастаӣ маҳрум созад.

Даргирӣ миёни Тел-Авив ва Теҳрон субҳи 13-уми июн ва бо ҳамлаи ногаҳонии Исроил ба таъсисоти ҳастаӣ ва мушакии Эрон оғоз шуд. Дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил, фармондеҳони баландпояи Сипоҳи посдорон ва чанд донишманди ҳастаӣ кушта шуданд.

Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.