Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум кард

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороте ҳамлаи Исроил ба Ҷумҳурии исломии Эронро маҳкум кард. Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна нигаронӣ шудааст.

"Тоҷикистон, бо изҳори нигаронии амиқ аз шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна, зарбаҳои низомии ҷониби Исроилро ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси талафоти сершумори ҷонӣ гардиданд, ҳамчун нақзи муқаррароти меъёрҳои умумиэътирофгардидаи муносибатҳои байналмилалӣ қатъиян маҳкум менамояд",-омадааст дар ин изҳорот.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ибрози тасаллият ба пайвандону наздикон ва мардуми Эрон, таъкид кардааст, ки ягона роҳи сулҳомези ҳалли бӯҳрон дар минтақа, ин нишастан сари мизи музокирот мебошад.

Дар ин замин, ҷониби Тоҷикистон аз ҳама ҷонибҳо даъват кардааст, то аз даргириҳои низомӣ худдорӣ намуда, бо пойбандӣ ба усулҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои дигар қонунҳои байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ҳалли ин буҳрон, ки паёмадҳояш метавонад фоҷеабор бошад, чораҳо андешанд.

Субҳи 13 июн Исроил бо беш аз 200 ҳавопаймои ҷангӣ ба шаҳрҳои гуногуни Эрон, аз ҷумла, Теҳрон, Ҳамадон, Исфаҳон, Шероз, Табрез ва таъсисоти ҳастаии он кишвар, ҳамла кард.

Бар асари ин ҳамлаҳо, шуморе аз фармондеҳони баландпоя, аз ҷумла, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Боқирӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорон Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳ Амиралӣ Ҳоҷизода, бархе дигар фармондеҳон ва шаш донишманди ҳастаӣ, кушта шуданд.

Мақомоти Эрон гуфтанд, ки дар ҳамлаҳо дар устони Теҳрон 78 нафар ҷон бохтанд, ки бештари онҳо ғайринизомиён ҳастанд. Ҳашт тани дигар дар ҳамла ба Табрез кушта шудаанд.

Мақомоти Эрон гуфтанд, ки ба ин ҳамлаи Исроил посухи қотеъ медиҳанд.

Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намудааст.