Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хатоҳои ҷавонӣ". Нақли ду муҳоҷири тоҷик аз солҳои сахти зиндон дар Русия 


Умар ва Саидакрам Расулҷонзодаҳо
Умар ва Саидакрам Расулҷонзодаҳо

Ду муҳоҷири тоҷик, бародарон Саидакрам ва Умар Расулҷонзодаҳо, ки дар Русия ба гуноҳи ҳамла ва латукӯби кормандони пулис зиндонӣ шуда буданд, пас аз адои ҷазо ба Тоҷикистон баргаштанд. Онҳо мегӯянд, ба хато роҳ доданд, аммо пулиси Русия низ айбдор буд, ки чунин вазъиятро пеш овард ва онҳоро таҳрик дод.

Бародарон рӯзи 17-уми феврали соли 2022 вақте аз кор бармегаштанд, ба тафтиши кормандони пулис рӯбарӯ шуданд. Тафтиш ба кашмакашу зӯроварӣ табдил ёфт ва сабаби боздошти муҳоҷирон гардид. Додгоҳ Умарро ба сеюним ва Саидакрамро ба дуюним сол зиндон маҳкум кард.

Тарҳи “Мигрант Медиа” тавонист бо бародарон пас аз озодиашон ҳамсуҳбат шавад ва он рӯйдодро аз забони худашон шунавад. Бародарон ҳамчунин дар бораи он суҳбат карданд, ки дар зиндон чӣ диданд, чӣ сабақҳо бардоштанд ва ҳоло чӣ гуна зиндагӣ мекунанд.

Саидакрам Расулҷонзода
Саидакрам Расулҷонзода

Саидакрам Расулҷонзода, ки барои ҳимояти додараш бо пулис даргир шуда ва сипас ин ҳодиса сабабии зиндонӣ шудани онҳо гашт, мегӯяд, ин корашон як хатои ҷавонӣ буд.

“Ҷавон будем, намефаҳмидем. Ин якбора пеш омад, нохоста шуд. Аз ҳамин кори кардаамон, худамон хабардор набудем, ки ҳамин кор мешавад. Тақдир ҳамин буд,”-гуфт Саидакрам.

Умар, ки дар видеои машҳури соли 2022 бо ҷаҳиш ба пулис зарба мезанад, он вақт 18-сола буд ва то 21-солагӣ дар зиндон монд. Ҳодиса 17-уми феврали соли 2022 дар метрои “Тулская”- и Маскав рӯй дода буд. Акнун мегӯянд, ба хато роҳ додаанд.

Бародари ӯ, Саидакрам Расулҷонзода, ки акнун ба 25 расидааст, мегӯяд, зиндон ва сахтиҳои он фурсате буд, ки ислоҳ шавад ва хатогиҳояшро фаҳмад.

Навор дар Инстаграм:

Умар он вақт забони русиро намедонист ва пас аз хатми мактаб бори нахуст ба Русия рафта буд. Акнун бовар дорад, агар чунин воқеа такрор мешуд, ӯ ҳаргиз чунин рафтор намекард, балки “бо ягон муомила ё ки ба ягон гапи хуб мушкилро ҳал ва ғазабашро паст мекард.”

Вале ҳодиса ногаҳонӣ рух дод. Саидакрам пеш аз он воқеа борҳо бо пулис рӯбарӯ шуда буд. Вақте аз ӯ ҳуҷҷат мепурсиданд вай ҳам аз онҳо мехост, ки ҳуҷҷатҳои пулисро бинад. Баъд ҳуҷҷатҳояшро нишон медод ва мерафт. Аммо ин бор ҳама чиз ба таври дигар шуд.

Умар Расулҷонзода ҳодисаро чунин нақл кард: ҳардуямон аз кор меомадем, ки моро дошта, ҳуҷҷат пурсиданд. Гуфта, ки русиро намефаҳмам, бародарам меояд. Бародарам омада гуфт, ки додари ман русиро намефаҳмад, чӣ хизмат кунем? Вақте ҳуҷҷатҳои худамро нишон медиҳам, ҳамааш дуруст буд, нав Росия омадагӣ будам. Ягон камбудӣ надоштем. Аз ман дуруст буд, маро монданду ба акаам часпиданд.

Ба гуфтаи Саидакрам, суханони қабеҳи корманди пулис ӯро ба ғазаб овард. Вай, ки қонунҳоро хуб медонист, ба қавлаш, аз милиса пурсид, ки дар асоси чӣ додарашро манъ карданд. Оё онҳо ягон қоидаро вайрон карданд?

Умар Расулҷонзода
Умар Расулҷонзода

Кормандони пулис Умарро раҳо карда, ба ӯ рӯй меоранд ва мегӯянд, таҳти пайгарди қонун аст. Ба ӯ як акси фотороботро нишон медиҳанд, ки мегӯяд, тамоман ба он монанд набуд. Дар ҳамин лаҳза метро меояд, ва Саидакрам ба додараш мегӯяд, ки нишаста равад. “Додарам мешинаду мераваду ман худам мемонам. Маро “рафтем ба шуъба” мегӯянд.”

Умар рафтааст, вале дар истгоҳи баъдӣ ба ақиб баргаштааст: “Ман шиштаму рафтам як истгоҳ. Бародар, фарзанди падар аст, дилам тоқат накард, гуфтам ҳамон ҷо чӣ гап мешуда бошад, ҳозир. Гаштаму омадам. Гашта омадам, ба мақсади ин не, ки милисаҳоро занам.”

Вақте, ки Умар зӯроварии пулисро мебинад ва ҳам мебинад, ки кормандони пулис дасти шикастаи бародарашро дубора мешикананд, худро нигоҳ дошта наметавонад.

“Якбора ҳардуяш аз дастҳом қапиданду қат карданд, ки “рафтем, рафтем”. Дукаса зӯрӣ нишон дода истоданд, дасти ман ки шикастагӣ буд, тоб медиҳанд. Дасти шикастагӣ боз мешиканад,” ба ёд овард Саидакрам. Фарёди сахти ӯ бародарашро ангеза додааст

“Вақте дидам, ки дунафара ба бародари ман ҳамла карданд, қад карданду зери по карданд, дастҳои шикастагиашро қат карданд, овози бародарамро фаҳмидам. Дар он ҳолат ман худамро, чӣ бигӯям, ҷигарам сӯхт. Вақте ки фарзанди падарро ҳамин хел карданд, ман худамро гум кардам. Ман хостам, инҳоро халос кунам,” ба ёд меорад Умар. Вай бо ҷаҳише пулисро мезанад ва дувумиро ҳам аз болои бародараш ақиб мекашад. Ва бо хоҳиши бародараш аз ҷойи воқеа мегурезад.

Расулҷон Чориев бо писаронаш
Расулҷон Чориев бо писаронаш

Расулҷон Чориев, падари Саидакрам ва Умар мегӯяд, “вақте ҳамин ҳодиса шуд, ман дар меҳмонӣ, дар шаҳри Твер, будам. Дар Маскав набудам. Пагоҳаш омадам, ки ҳамин ҳолат. Фарзанди хурдӣ занг зад. Гуфт, ки падар, мо ҳамин корро кардем, ман гуфтам, бачам, ҳеҷ куҷо нарав. Рафта дар хона бишин. Нагурезӣ хубтар аст.”

Ба гуноҳи зӯроварӣ ба намояндагони давлат ба бародарон парвандаи ҷиноӣ кушода, онҳоро ҳабс карданд. Умар сеюним сол ва Саидакрам ду ним сол ҳукми зиндон гирифтанд. Аввал дар Маскав дар Матроская Тишина, зери азобу шиканҷа нигоҳ дошта, пас ба Бутирка бурданд. Аз он ҷо ба “бадтарин маҳбас” дар вилояти Киров интиқол доданд.

Рӯзҳои бародарон ба гуфтаашон дар зиндон ба забономӯзиву азхуд кардани касб ва машаққату сахтиҳо мегузашт. Дузандагӣ ёд гирифтанд, барои сарбозон либос медӯхтанд, аммо осон набуд.

“Беҳад дар он ҷо душвор аст, номи модарро ки дар забон мегирад, ҳатто аз чашмот об мерезад, ки мақсад, ту намебинӣ онҳоро, дар як шаҳри бегона дар зиндон ғалтидагиӣ,” мегӯяд Умар.

“Вақте ки мешунавӣ, фарзандат зиндонӣ шудааст, боз ин тақдиру насибро бинед, ки ду фарзанд якбора зиндонӣ шуд. Ин беҳад барои падару модар сахттарин аст. Бисёр бародарон мегуфтанд, ғам нахӯр ки, онҳо мебуроянд, ту худатро бемор мекунӣ. Модараш дар ҳамин ҳолат дар Тоҷикистон буд, ҳамин хел. Хайр, худоро шукр, мана фарзандҳо омаданд. Ман аз халқи Тоҷикистон, аз ҳамае, ки моро дар вақти ин вазнинӣ, телефонӣ занг заданд, пурсиданд ҳолу аҳволро, миннатдорӣ баён мекунем,”,мегӯяд падари бародарон Расулҷон Чориев.

Барои ҳимоят аз бародарон Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ҳам ҷомеаи муҳоҷирони тоҷик адвокатҳои ботаҷриба гирифтанд, то ҷазо сабуктар бошад. Саидакрам ва Умар ҳоло дар Тоҷикистонанд ва ҳанӯз аз пайи коре нашудаанд, аммо ба Русия ҳам баргаштанӣ нестанд.

Навор дар Фейсбук:

XS
SM
MD
LG